Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Роҳбари минтақавии Дафтари UNICEF барои кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

10 июли соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари минтақавии Дафтари UNICEF барои кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Афшан Ханро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҷории ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва UNICEF мавриди муҳокима қарор гирифта, ба татбиқи Барномаи нави кишварии UNICEF барои солҳои 2016-2020 дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар анҷоми суҳбат тарафҳо нисбат ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ҳадафҳои муайяншуда изҳори омодагӣ намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj