Тоҷикӣ | Русский | English  

Маросими оғози фаъолияти Котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

10 июли соли 2017 дар шаҳри Сеул маросими тантанавии оғози кори Котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ли Им Сонг Нам, Президенти Бунёди Корея Ли Сихён ва сафирони кишварҳои аъзои Форуми мазкур, ҳамчунин иштирокдорони барномаи “Пешвоёни насли оянда”- намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок доштанд.

Дар рафти чорабинӣ дар экрани бузург табрикоти видеоии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ба муносибати оғоз ёфтани кори Котиботи Форуми мазкур ба маърази намоиш гузошта шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj