Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот дар Вазорати корҳои хориҷии Урдун

10 июли соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Мамлакати Ҳошимии Урдун мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Ҳошимии Урдун бо қароргоҳ дар Кувайт З. Зубайдов бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Мамлакати Ҳошимии Урдун Сафир Зайд ал-Лозӣ ва Сардори Раёсати кишварҳои Осиё Моҳир Аҳмад Лукоша баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳангӣ, ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ ҷонибҳо оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро муҳокима намуданд.

Ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни ду кишвар тарафҳо барои имзо намудани санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки барои тақвияти муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба зарур мебошанд, изҳори ҳавасмандӣ карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj