Тоҷикӣ | Русский | English  

Аввалин ҳайат аз намояндагони тиҷоратии ИМА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф хоҳад овард

Аввалин ҳайати намояндагони  тиҷоратии ИМА дар ягҷоягӣ бо  Шӯрои тиҷоратии  ИМА ва Тоҷикистон рӯзи 12 июл ба шаҳри Душанбе ташриф хоҳад овард. Дар давоми дуву  ним рӯзе, ки ҳайат  дар инҷо хоҳад  буд, бо мақомотҳои аршади давлатӣ, намояндагони  сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ   вохӯрӣ баргузор мекунад.

Шӯро дар чаҳорчӯби барнома дар ҳамкории зич бо Палатаи савдои Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 июл дар шаҳри Душанбе   Форуми соҳибкоронро  баргузор хоҳад кард, ки дар он идеяҳои ширкатҳои ташрифоварда, маҳсулоту хизматгузории онҳоро ҷиҳати муайян намудани имкониятҳои мутақобилан судманд, муаррифӣ хоҳад кард.

Намояндагони  ҳайати тиҷоратии ИМА  иборат аз  бунёнгузорони ширкатҳои  USKGZBC ва USTJBC- AGCO, Baker&McKenzie ва General Electric  инчунин аъзои нави Шӯрои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ мебошанд.

Илова бар ин,  ба ҳайат ширкатҳои амрикоӣ аз қабили  AES, Amity Technology, APR Energy, The Coca Cola Company, Mobilized Construction ва  WHITE64 ҳамроҳ хоҳанд шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj