Тоҷикӣ | Русский | English  

ЭЪЛОНИ ОЗМУН

ЭЪЛОНИ ОЗМУН

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ташкили давраҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кормандони ҷавони Вазорат озмун эълон мекунад.

Навъи хизматрасонӣ:

Ташкил ва гузаронидани давраҳои омӯзишии зерин:

  1. Забони англисии сатҳи аввал (Beginner),

          Шумораи соатҳо: 200 соати академӣ (ду гурӯҳ);

  1. Забони англисии сатҳи муқаддамотӣ (Elementary),

          Шумораи соатҳо: 100 соати академӣ;

  1. Забони англисии сатҳи қабл аз миёна (Pre-Intermadiate),

          Шумораи соатҳо: 100 соати академӣ;

  1. Забони англисии сатҳи миёна (Intermadiate),

          Шумораи соатҳо: 100 соати академӣ;

  1. Забони англисии сатҳи миёнаи пешрафта (Upper-Intermediate),

          Шумораи соатҳо: 100 соати академӣ;

  1. Забони англисии сатҳи баланд (English for business),

          Шумораи соатҳо: 100 соати академӣ;

  1. Курси забони фаронсавӣ (давомдор),

           Шумораи соатҳо: 100 соати академӣ;

  1. Курси забони русӣ (давомдор)

          Шумораи соатҳо: 96 соати академӣ.

Шартҳои иштирок дар озмун:

  1. Дар озмун танҳо шахсони ҳуқуқие, ки барои тақдими хизматрасонии таълими забонҳои хориҷӣ аз ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, иштирок карда метавонанд;
  2. Ҷониби ширкаткунанда дар озмун бояд консепсияи умумии худро дар робита ба ташкили курсҳои зикршуда пешниҳод кунад;
  3. Шахсони воқеие, ки аз ҷониби ширкаткунанда дар озмун пешниҳод мешаванд, бояд дорои маълумоти олии соҳавӣ бошанд;
  4. Тамоми маводди дарсии лозима барои ташкили курсҳо бояд аз ҷониби хизматрасон таъмин карда шавад;
  5. Ҷониби хизматрасон бояд ба хатмкардагон пас аз гузаронидани имтиҳонҳои миёнадаврӣ ва ниҳоӣ сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ пешниҳод кунад.

 

Хоҳишмандон метавонанд пешниҳодҳои худро то таърихи 17 июли соли 2017 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кучаи Шероз 33.

Телефонҳо барои тамос: 227 75 32, 2217027

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj