Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервис

12 июли соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноаамандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Воситаи муҳими беҳбудбахши   ҳамшарикии  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари  иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ»  хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.

Бо  қаноатмандӣ  фаъолияти  воситаҳои  муҳими  тақвиятбахши  ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами  Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ  ва  Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи  муваффақонаи  Барномаи  индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки  ҷудо гардидани маблағи  251 миллион евроро  ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот   пешбинӣ менамояд,  ҳамчун  санади муҳими  беҳтарсози ҳамшарикӣ муҳим шуморида шуд.

Аз баргузории  ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани   Барномаи  рушд барои давраи то соли 2020  ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  то соли 2030, ки барои расидан ба ҳадафаҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии  шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин   масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои  иқтисодӣ,  энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зиди терроризм, экстремизм,  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат  дар  ба  эътидол овардани  вазъи сиёсию низомӣ  дар Афғонистон ва  тақвияти бештари имконияти   ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj