Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷмаи Умумии СММ

17 июли соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ Питер Томсон мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аҳдофи мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, аз ҷумла масоили ҷории иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди Устувор табодули назар намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj