Тоҷикӣ | Русский | English  

Ифтитоҳи мулоқоти бахши вазирони Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF 2017)

17 июли соли 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, мулоқоти  бахши вазирони Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2017) таҳти сарпарастии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) баргузор гардид.

Форуми мазкур асоси низоми  бисёрҷонибаи СММ ҷиҳати  баррасии раванди татбиқи Рӯзнома оид ба рушди устувор дар давраи то соли 2030 (Рӯзномаи 2030) маҳсуб мегардад. Ҳадаф аз баргузории Форум, мусоидат ба табодули таҷрибаи муваффақ ҷиҳати комёбӣ ба рушди устувор мебошад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии мазкур ширкат менамояд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj