Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мубоҳисаҳои умумии Форуми сиёсии сатҳи баланд

18 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар мубоҳисаҳои умумии Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF) ширкат ва суханронӣ намуд.

Н. Ҳикматуллозода зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар давоми 15 соли охир, Тоҷикистон бо шарофати иродаи қавии сиёсии роҳбарияти кишвар ба пешравиҳои назаррас, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра ду стратегияи коҳиши камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009, 2010-2012 ва Стратегияи миллии рушд то соли 2030 қабул гардидаанд.

Зимни ироаи мавқеи Тоҷикистон дар робита ба барномаи ҷаҳонии рушд, Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ба зарурати расонидани кӯмак ба кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла кишварҳои рӯ ба рушди маҳсур дар хушкӣ таъкид намуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj