Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии Ҳисоботи ихтиёрии миллии Тоҷикистон зимни Форуми сиёсии сатҳи баланд, соли 2017

19 июли соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк зимни ҷаласаи Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2017) муаррифии Ҳисоботи ихтиёрии миллии Тоҷикистон оид ба татбиқи Рӯзномаи 2030 баргузор гардид. Ҳисоботи мазкур таҳти унвони “Баланд бардоштани некуаҳволӣ тариқи ҳамгироии ҳадафҳои рушди устувор ба сиёсати миллии рушди Тоҷикистон”,  аз ҷониби роҳбари ҳайати кишвар дар HLPF – Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ироа карда шуд.

Ҳисоботҳои ихтиёрии миллӣ ба мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба, аз ҷумла муваффақиятҳо, мушкилиҳо, сабақҳои андӯхта барои тезонидани татбиқёбии Рӯзномаи 2030 равона шудаанд. Тоҷикистон дар баробари 43 кишвари дигари аъзои СММ ва аввалин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ бо ироа намудани ҳисоботи ихтиёрии миллии хеш дар соли дуюми қабулшавии Рӯзномаи 2030, саҳми хешро дар HLPF арза намуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар оғози суханронӣ  таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишварро нисбат ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар таъкид намуд. Роҳбари ҳайати кишвар зикр кард, ки тамоми барномаҳои дарозмуддати рушди кишвар маҳз барои расидан ба ин мақсади олӣ равона гардидаанд.

Зимни маърӯза таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намудааст. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосии стратегии кишвар авлавият ва самтҳои асосии сиёсати давлатро ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои умумии иҷтимоӣ ва решакан кардани камбизоатӣ муайян менамояд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки бинобар гузаронидани ислоҳот ва татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор Тоҷикистон ба пешравии назаррас дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 80% дар соли 2000 то 30,3% дар соли 2016 ноил гардидааст.   

Мавриди зикр аст, ки зимни ҷаласаи мазкур якчанд кишварҳои аъзои СММ, аз ҷумла Россия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон, Афғонистон суханронӣ намуда, иқдоми Тоҷикистонро ҷиҳати аввалин шуда аз минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод намудани ҳисоботи ихтиёрии миллӣ оид ба татбиқи Рӯзномаи 2030 тавсиф намуданд. Суханони табрикӣ ҳамчунин аз ҷониби намояндагони кишварҳои Либия, Эл Салвадор, Панама ва ғайраҳо дастрас гардиданд.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj