Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон

19 июли соли 2017 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин Сафир Маликшо Неъматов бо ҳамраиси бахши олмонии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ҳамкориҳои молиявӣ-техникӣ, роҳбари Раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чини Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон хонум Катрин Оллерс ва сардори бахши Тоҷикистони раёсати вазорати номбурда ҷаноби Клаус Тансбергер мулоқот анҷом дода, раванди иҷрои бандҳои Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ-техникӣ барои солҳои 2016-2017-ро мавриди баррасӣ қарор дода, амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди минтақавиро мусбат арзёбӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар навбати худ зарурати идома додани ҳамкориҳо дар самтҳои тандурустӣ, маориф, энергетика, пешгирии офатҳои табиӣ бо сабаби дигаргуншавии иқлим, рушди минтақавӣ, инчунин лоиҳаҳои фаромарзӣ бо дарназаргирии кишвари ҳамсояи Афғонистонро мувофиқи мақсад шуморд ҷонибҳо баргузории машваратҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникии байни Тоҷикистону Олмонро дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бамаврид шумориданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj