Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии фаъолияти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония

20 июли соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии фаъолияти Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Душанбе барои намояндагони вазорати идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Дар ҳошия чорабинии мазкур Роҳбари намояндагии JICA Хидеки Танабе ва дигар кормандони ин созмон оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории Япония ва Тоҷикистон дар соҳаи рушд, лоиҳаҳое, ки дар бахшҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд ва ё ба нақша гирифта шудаанд, инчунин роҷеъ ба услуб ва тартиби пешниҳод намудани лоиҳаҳо барои маблағгузорӣ нақл намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj