Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар чорабинии махсуси “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии марбут ба об”

20 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии сеюми махсуси СММ оид ба об ва офатҳои табиӣ таҳти унвони  “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии марбут ба об”, ки дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.  

Дар суханронии худ Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди барфу пиряхҳо ёдовар гардид.

Н. Ҳикматуллозода ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028" ба таҳкими иқтидор ва табодули таҷрибаву дониш, баланд бардоштани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи офатҳои табии вобаста ба об кӯмак хоҳад кард.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj