Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

20 июли соли 2017 ҷаласаи Ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Ҳайати Мушовара, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Вазорат дар шаш моҳи соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ роҷеъ ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 суханронӣ намуд, сипас ҳисоботи роҳбарони як қатор раёсатҳо низ шунида шуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати анҷоми корҳои лозима барои баргузории чорабиниҳои вобаста ба сафарҳои расмии дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷа ва меҳмонони олиқадри кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас дод.

Дар анҷом, Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати тақвият додани низоми кор ва таҳкими фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дастгоҳи марказӣ  супоришҳои мушаххас дод.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj