Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

Дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд.

Мо аз таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, ки дар қитъаи Африқо ва дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд дорад ҷонибдорӣ менамоем, таъкид доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҳузури доираҳои иқтисодию сармоягузории Африкаи Ҷанубӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ истиқбол хоҳад кард.

Муколамаи имрӯзаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои аъзои БРИКС имконияти бузурги баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкими муштаракоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Хавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбор бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.

Дар ҳамин замина пешниҳод гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои номбурда ҳайати намояндагони доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар аввалин фурсати муносиб аз Тоҷикистон боздид намоянд.

Ҳар ду ҷониб ҳамчунин доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ табодули афкор намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj