Тоҷикӣ | Русский | English  

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Таврикии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

7 сентябри соли 2017 дар толори Екатеринаи Қасри Таврикӣ бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қабули расмӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳудуди 300 нафар, аз ҷумла, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатии Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ректорҳои донишгоҳҳо, сарони намояндагиҳои дипломатии муқими Санкт-Петербург, намояндагони доираҳои илмию эҷодӣ, ҷамъияти тоҷикон ва дигар меҳмонон иштирок карданд.

Дар баромади худ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Санкт-Петербург Давлаталӣ Назризода оид ба таърихи 26-солаи ҷумҳурӣ маълумот дода,  қайд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии халқ дар кишвари тоҷикон сулҳ барқарор гардид, ислоҳот гузаронида шуд, инкишофу рушди соҳаҳои мухталифи саноати иқтисодию иҷтимоӣ таъмин гардид.

Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – роҳбари Котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ А.И. Сергеев зимни баромадаш бо суханони шодбошӣ ба меҳмонон чунин муроҷиат кард: “Бо руҳбаландии бузург дӯстонро аз Тоҷикистон шодбош мегӯям. Табрикоти самимии маро ба муносибати муҳимтарин ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қабул намоед. Боиси хушнудист, ки қабули расмӣ ба ин муносибат дар Қасри Таврикӣ, ки ин ҷо парламентариҳои кишварҳои ИДМ кор мекунанд, баргузор мешавад”.

Раиси Кумитаи муносибатҳои хориҷии вилояти Ленинград А.Ю. Минин аз номи губернатор ва истиқоматкунандагони вилоят ба халқи Тоҷикистон сулҳу пешрафтро орзу намуда, изҳор намуд, ки вилоят ҷиҳати давом додани муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ манфиатор мебошад.

Аз номи Раиси Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург В.С. Макаров намояндаи ваколатдор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ В.С. Ягя баромад карда, иброз намуд, ки Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шаҳри ҳамёр – Душанбе яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ҳисобида, кулли ташаббусҳои дӯстони тоҷикро, ки ба самти таҳким бахшидани муносибатҳо равона гардидаанд, дастгирӣ менамояд.

Дар анҷоми қисмати расмӣ сардори Раёсати ИДМ ва минтақаҳои Россияи Кумитаи муносибатҳои хориҷии Санкт-Петербург Е.В.Кассюра паёми табрикотии Раиси Кумитаи мазкур Е.Д. Григорьевро қироат намуд.

Ба барномаи фарҳангии чорабинӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Пеш аз оғози қабули расмӣ меҳмонон аз садои асбоби мусиқии орган баҳравар шуда, ҳамзамон даъватшудагон аз толорҳои бошукуҳи Кохи Таврикӣ дидан намуданд. Дар фарҷоми қисмати расмии чорабинӣ кулли меҳмонон барои чашидан ва ҳаловат бурдан аз таомҳои гуногуни анъанавии миллӣ  назди миз даъват карда шудаанд. Қабули ботантана таҳти баромадҳои ҳайатҳои фарҳангӣ-эҷодии тоҷикӣ ҳамроҳӣ шуда, меҳмонон тавонистана аз навозиши мусиқии асбобҳои миллӣ ҳаловат баранд. Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона гузашта, ба меҳмонон хотираи нек аз меҳмоннавозии тоҷикона боқӣ гузошт.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj