Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонии Президент бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

5 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ дошт.

Сарвари давлати Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуд.

Сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорию ҳамдастии ду ҷониб дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо барои саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.

Суҳбати телефонӣ дар фазои дӯстӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум сурат пазируфт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj