Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Раиси Кумита оид ба умури байналхалқӣ ва алоқаҳои байнипарлумонии Миллӣ Маҷлис

4 октябри соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Кумита оид ба умури байналхалқӣ ва алоқаҳои байнипарлумонии Миллӣ Маҷлиси Озарбойҷон Самед Сеидов доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо аз рушди  муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ёдовар шуда, омодагиро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, маориф, обу энергетика, инчунин дар соҳаи туризм ва муҳоҷират бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ изҳор намуданд.

Тарафҳо вобаста ба масоили мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj