Тоҷикӣ | Русский | English  

Ду мулоқоти Сафир дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар шаҳри Риёз бо роҳбари ширкати ҳолдингии “Алмамлакат” Шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва истифода аз захираҳои фаровони Тоҷикистон, инчунин омӯзиши лоиҳаҳои судбахши сармоягузорӣ ва роҳу василаҳои татбиқи онҳо мавриди омӯзиш ва барраси қарор гирифтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Шоҳзода Валид ибни Талол ибни Абдулазиз оли Сауд бо сармояи 21 миллиард доллари амрикоӣ соҳибкори хусусии Арабистони Саудӣ ва яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон ба шумор рафта, доираи фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва корҳои хайрияаш хеле васеъ аст.

Ҳамчунин вохӯрии Сафир дар шаҳри Ҷидда бо Шоҳзода Сауд ибни Абдулазиз ал-Файсал, роҳбари ширкати ҳолдингии “Ашшариф” низ баргузог гардид, ки ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд, Шоҳзода бахусус   ба соҳаи энергетика ва дигар бахшҳои авлавиятноку судбахши иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Дар рафти мулоқот қарор шуд, ки барои оғози ҳамкорӣ тафсилоти мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд бо иштироки масъулину мутахассисони дахлдори Тоҷикистон муҳокима шавад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj