Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонии Президент бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

7 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат, ки дар фазои барои муносибатҳои сарони ду давлат хоси самимият ва дӯстона сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози беҳтарин таманниёт Владимир Путинро ба муносибати 65-солагиаш сидқан табрик намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обрӯ ва эътибори баланди Владимир Путин дар паҳнои Россия ва берун аз ҳудуди он ишора карда, нақши муассири ӯро дар раванди рушди бемайлони муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Россия ба таври хоса таъкид карданд.

Қайд гардид, ки талошҳои муштараки ҳадафманд ба хотири таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар буда, омили муҳими суботу амнияти минтақа мебошад.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи як қатор масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва дорои хусусияти байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор анҷом доданд.

Қаблан сарвари давлати Тоҷикистон унвонии Президенти Федератсияи Россия барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj