Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонии Президент бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ

12 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Амири Давлати Қатар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуданд.

Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат доир ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкори судманд анҷом доданд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj