Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо ҳайати Япония

3 ноябри соли 2017  Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ  ҳайати япониро зери роҳбарии муовини Президенти Бунёди Япония Ҳироко Мияҷима ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаи тақвият бахшидани робитаҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Япония табодули назар карданд.

Дар ин росто, нақши ҳамкориҳои фарҳангӣ дар тавсеаи муносибатҳои дуҷониба таъкид гардида, ташаббусҳои Бунёди Япония дар ин самт муҳим арзёбӣ гардиданд.  

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj