Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

8 ноябри соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj