8 ноябри 2017 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Ноиби-Президенти Парлумони Аврупо Ричард Чарнески, ки зимни ҳайати равобити байнипарлумонии Тоҷикистон-ИА чанде қабл аз Душанбе боздид ба амал оварда буд, баргузор гардид.
Р. Чарнески бо нақли муфассал аз сафари ҳайати парлумонӣ ва мулоқотҳои хеш, сипос ва қаноатмандии худ ва аъзои ҳайатро аз сатҳу мӯҳтавои онҳо иброз дошт. Ба гуфти ӯ ин вохӯриҳо ва, алалхусус, мулоқоти тӯлонӣ ва пурмуҳтаво бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хубтар фаҳмидани вазъи сиёсиву амниятӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳеле муҳим буданд. “Мо ҳоло – иброз намуд Р.Чарнески - мушкилоту таҳдидҳои дар минтақа ҷойдоштаро, ки Тоҷикистон дар сафи пеши руёрӯӣ бо онҳо қарор дорад, беҳтар тасаввур мекунем ва аз ҷониби худ омодаи ҳамкориҳо дар ҳамаи ин чодаҳо бо Тоҷикистон ҳастем. Мисли ҳамин мушкилоти иқтисодии Тоҷикистонро низ ҳоло беҳтар фаҳмидем ва аз тариқи барномаҳои худ, аз тариқи Комиссияи Аврупо ва ниҳодҳои дигарамон саъй мекунем, мусоидати бештаре ба Тоҷикистон дошта бошем”.
Мавзуи мубориза бар зидди ифротгарӣ ва терроризм аз масоили умдаи сӯҳбат буд. Р.Чарнески дар ин мавзуъ низ ҷонибдории худро ба саъю талошҳо ва мавзеъгириҳои Тоҷикистон дар ин ҷода изҳор намуда, омодагии худ ва ҳамкоронашро барои мусоидат дар ин самт низ иброз дошт.