8 ноябри соли 2017 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА, Мирча Чиопрага, баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин барномаи ТРАСЕКА доир ба бунёди коридори нақлиётии Аврупо-Кавказ-Осиё, баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои бунёдии инфрасохторӣ баҳри пайвастани роҳҳои оҳану мошингард дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин механизми ҷалби сармоягузориро барои амалисозии онҳо муҳокима намуданд.