Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ

10 ноябри соли 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар иҷлосияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) роҷеъ ба азнавташкилдиҳии низоми рушди Созмони Милал ҷиҳати дастгирии татбиқи Рӯзномаи 2030 иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ, Намояндаи доимӣ аз аҳамият ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 72-юми Маҷмаи Умумии СММ нисбат ба реформаи СММ, ба вежа ислоҳоти сохтори оби СММ садо доданд, ёдовар гардид.

М. Маҳмадаминов ҳамчунин аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ барои дастгирии кишварҳои аъзо дар татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба обу беҳдоштро муҳим арзёбӣ намуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj