Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе

12 ноябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили дурнамо ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию-гуманитарӣ, делимитатсияи сарҳад, инчунин таҳкими заминаи шартномави-ҳуқуқӣ муҳокима намуданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ доир ба вазъи минтақа мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба таъкид намуданд.
 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj