Тоҷикӣ | Русский | English  

Даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса

23 ноябри соли 2017 дар ш.Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гаштанд. Ҳайати Тоҷикистонро Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Фаронсаро Директори Департаменти Аврупои Континенталӣ хонум Флоранс Манжан роҳбарӣ намуданд. Дар машваратҳо ҳамчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ширкат варзид.

Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳои фарогир ва мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, обу энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг ва туризм дар меҳвари музокирот қарор доштанд. Ҷонибҳо инчунин дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир табодули назар карданд. Мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯъҳои ҳамкориҳо дар минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар фарҷоми машваратҳо омодагии мутақобил ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок иброз гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj