Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайрирасмии Шӯрои амнияти СММ бахшида ба Афғонистон

27 ноябри соли 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар сиғаи “формулаи Аррия” таҳти унвони “Шарикони Афғонистон: пайвандсозии амният, рушд ва сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ”, ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ, М. Маҳмадаминов зарурати густариши тадбирҳои ҳамоҳангшударо ҷиҳати таъмини амният ва рушд дар минтақа иброз намуд.

Намояндаи доимӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ ва кӯмак ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj