Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки мақомоти оинномавии СААД

30 ноябри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои амнияти байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкориҳо дар ҳошияи СААД мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин оид ба такмили фаъолияти созмон ва дурнамои ҳамкориҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj