Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси 7-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё - Раванди Истамбул»

1 декабри соли 2017 дар ш. Боку конфронси 7-уми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё - Раванди Истамбул» зери унвони «Амният ва алоқаҳои иқтисодӣ барои тақвияти минтақаи Қалби Осиё» доир гардид, ки дар он кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё - Раванди Истамбул» ширкат варзиданд. Конфронс бо суханронии ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуданд.

Дар рафти Конфронс иштирокдорон татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро, ки дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир дорад, баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки лоиҳаи CASA-1000 на танҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад, балки кишварҳои минтақаро бо василаи пуриқтидори энергетикӣ пайваст карда, ҳамкориҳоро дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ густариш хоҳад дод.

Дар конфронс Муовини аввали вазир суханронӣ карда, мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати зарурати таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя иброз намуд. Дар ин росто, аз талошҳои Тоҷикистон, ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ, ки аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ роҳандозӣ шудаанд ва шароити заруриро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дар маҷмуъ минтақа фароҳам меоваранд, таъкид гардид.

Дар конфронс пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати  баргузории Конфронси 9-уми вазирони Қалби Осиё - Раванди Истамбул дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе иброз гардид. Ин иқдом аз ҷониби иштирокчиёни конфронс ба як овоз қабул гардид. Дар фароянди Конфронс Эъломияи Боку қабул гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj