Тоҷикӣ | Русский | English  

Оид ба қазияе, ки дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дод

Тибқи маълумоти мавҷуда  санаи 2 декабри соли 2017 соати 19:00 дар мавзеъи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дувоздаҳ (12) нафар қочоқбарони мусаллаҳ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. Дар қисмати ин ҷониб, назди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд.

Дар натиҷа сардори қисми сарҳадбонии мавзеъи мазкур захмӣ гардида дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Ҳамчунин чор (4) нафар сарҳадбони қисми мазкур, аз ҷумлаи афсарони он, ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Бинобар ҳодисаи рухдода, Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти расмиро ба ҷониби Афғонистон супорид ва бо исрор талаб кард, то мақомоти вобастаи ҷониби афғонистонӣ ҳодисаи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд ва ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорони ҳодисаи мазкур иқдом намоянд.

Ҳамзамон, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори умед кард, ки ҷониби афғонистонӣ иқдомоти ҷиддиро пеша намояд, то қисмати сарҳади давлатии ҷониби худро мавриди назорати шомил қарор дода, минбаъд такрор ёфтани ҳаводиси ба ин монандро пешгирӣ намояд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj