Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ

13  декабри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони “Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас” баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ ба зарурати ҳалли мусолиматомези қазияи Фаласатин ва Исроил даъват ба амал оварда, ба мавқеи собити кишвар дар мавриди мақоми шаҳри Байтулмуқаддас бар асоси қарорҳои байналмилалӣ таъкид намуд.









 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj