Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия

12 декабри соли равон дар ҳошияи Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Биналӣ Йилдирим баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз фазои мусоиди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тавсеаи бештари тамосҳои гуногуни сатҳи сиёсӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, туризм ва дигар бахшҳои мавриди манфиати ҳамдигар гардиданд. Дар ин замина ду ҷониб азми кишварҳои хешро ҷиҳати то 1 млрд доллари ИМА афзоиш додани гардиши мол таъкид намуда, соҳаҳои насоҷӣ, энергияи обӣ, коркарди маъдан, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ соҳаҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба хонданд.

Ҳамин тартиб миёни ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъияти Шарқи Наздик ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия дар ин замина табодули назар сурат гирифт. Мусоҳибон ҳамзамон кушиши табадулоти низомиро аз ҷониби гуруҳ ва ҳизбҳои террористӣ дар кишварҳои ҳамдигар маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои таъмини амният изҳор намуданд.
Зимни мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва дигар намояндагони расмии ҷонибҳо ҳузур доштанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj