Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

13 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи Нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулқӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ки рӯзҳои 9-11 декабри соли ҷорӣ сурат гирифт, баланд арзёбӣ намуда, оид ба механизмҳои пайгирии саривақтии тавофуқоти зимни сафари мазкур ҳосилшуда ибрози андеша карданд.

Пешниҳод гардид, ки дар партави дастуру нишондодҳои раҳбарияти олии Тоҷикистон ва Урдун миёни вазорату ниҳодҳои дахлдори ду кишвар тамосҳои бештар ба роҳ монда шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои авлавиятнок  иқдомоти амалии мушаххас бардошта шавад.

Инчунин, зимни мулоқот оид ба қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак  табодули афкор сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун Сироҷидин Аслов ва Айман Сафадӣ ҳузур доштанд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj