Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чаласаи 28-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Имрӯз дар шаҳри Исломобод ҷаласаи 28-уми Шӯрои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар сатҳи вазирон доир гардид. Зимни ҷаласа нақшаи барномаю лоиҳаҳо ва ҷадвали чорабиниҳои СҲИ барои соли 2018 тасдиқ гардиданд. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ширкат варзид. Дар суханронии роҳбари ҳайат самтҳои авлавиятноки ҳамкории кишвар бо СҲИ ва роҳҳои тақвияти ин ҳамкорӣ таъкид гардиданд. Н. Зоҳидӣ дар мавриди чорабиниҳое, ки  соли оянда дар Душанбе доир мегарданд, аз ҷумла Иҷлоси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ сухан ронда, аз кишварҳои узви созмон ҷиҳати иштироки фаъол дар ин чорабиниҳо даъват ба амал овард.

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавӣ мулоқоти Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча доир гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои тадорукот ва баргузории иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ (моҳи апрели 2017, Душанбе) мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар давраи Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj