Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар Брюссел

14-15  декабри соли 2017 дар пойтахти Аврупо -шаҳри Брюссел ҷаласаи  131-уми Шӯрои ҳамкории Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати  Раиси хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоиб ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи Доимии кишвар дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа масоили вобаста  ба фаъолияти  Созмони  номбурда дар соли 2017  ва нақшаҳои ояндаи СУГ баррасӣ гардиданд.

Интихоботи ҳайати роҳбарикунандаи СУГ низ баргузор гардид. Намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Рикардо Тревинйо муовини Дабири кулли СУГ интихоб  шуд.

Дар ҳошияи ҷаласа  мулоқоти Абдуфаттоҳ Ғоиб бо Раиси кулли Созмони гумруки Ҷумҳурии  Исломии  Эрон оғои  Фуруд Асғарӣ  баргузор гардид. Ҷонибҳо мавзуоти ҳамкории ин ду ниҳодро баррасӣ намуда, Ёддошти тафоҳум дар масоили амалиӣ намудани Созишномаи байни Тоҷикистону Эронро дар бораи ёрии байниҳамдигарии идорӣ оид ба иҷрои дақиқи  қонунгузории гумрукӣ ба имзо расониданд, ки зимни он ҳаллу фасли  мушкилоти дар вақтҳои  дар ин ҷода ба миён омада пешбинӣ шудааст.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj