Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байни ҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ

18-19 декабри соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид, ки онро аз ҷониби тоҷикистонӣ Неъматулло Ҳикматуллозода Вазири рушди иқтисод ва савдо ва аз ҷониби кувайтӣ Халифа Мусаид ал-Ҳамада – муовини якуми Вазири молия он кишвар роҳбарӣ намуданд.

Санаи 19 декабри соли 2017 ҷаласаи расмии Комиссияи муштарак баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ ва бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, нафту газ, энергетика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш, телевизион ва радио ва дигар масъалаҳои дорои манфиати муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҷаласа Тарафҳо нақши сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ДавлатиКувайтро дар моҳи майи соли 2016 баҳри тақвияти ҳамкориҳо байни ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва муаррифии бештари имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли 2018 дар Давлати Кувайт Форуми муштараки сармоягузорӣ доир намоянд.

Тарафҳо зарурияти таҳияи Барномаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020- ро муҳим шуморида, ҳамзамон ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади дастгирии лоиҳаҳои хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди махсуси рушди сармоягузориро таъсис хоҳанд дод.

Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти Араб омодагии худро барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикстон, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди Кулоб – Қалъаи Хумб (қитъаҳои А ва F) иброз намуд.

Дар чаҳорчӯбаи сафари мазкур вохӯриҳои Роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо Холид Носир ал–Равзон Вазири савдо ва саноат, Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон, Наиф ал-Ҳаҷраф Вазири молия ва Алӣ Муҳаммад Сунян ал-Ғоним Раиси Палатаи савдо ва саноати Кувайт баргузор гардид, ки дар он ҳолати кунунӣ,  густариш ва дурнамои ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат ва дигар масоили барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон дар доираи Комиссияи муштарак мулоқотҳои муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Ҷамолиддин Нуралиев бо масъулини бонкҳои Байт-ут-тамвил ва Бубёни Давлати Кувайт сурат гирифт, ки зимни он масъалаҳои марбут ба густариш додани ҳамкорӣ байни ниҳодҳои бонкии ду кишвар ва ҷалби қарзҳои имтиёзноки Кувайт ба иқтисоди Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Аз натиҷаи баргузории ҷаласа, Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj