Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ

20 декабри соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерс баргузор гардид.

Зимни мулоқот оид ба самтҳои асосии Барномаи чорчӯбавии шарикии Бонки Ҷаҳонӣ бо кишвар барои солҳои 2018-2023 табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои таҳкими муносибат ва ҳамкориҳоро бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор дар кишвар  баррасӣ намуданд.


 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj