Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Муовини Дабири Кулл ва Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ

21 декабри 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти  Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Муовини Дабири Кулл ва Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷояро дар самти болозикр мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо инчунин оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳои зуҳуркунанда ба сулҳу субот дар минтақа табодули назар карданд.   




© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj