22 декабри соли 2017 кормандони Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро якҷоя бо мароқи том тамошо карданд.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, туризм ва маорифро барои соли 2018 муайян намуданд.
Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа Паёми навбатии Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ карда,бар асоси раҳнамудҳои он барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд бо кишварҳои иқомат тамоми чораҳои заруриро хоҳанд андешид.