Тоҷикӣ | Русский | English  

Бизнес-семинар дар Куала Лумпур

21 декабри соли 2017 дар шаҳри Куала Лумпур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Бизнес-семинар таҳти унвони “Муколамаи тиҷорӣ: Бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ниҳоди минтақавии бахши хусусии Бонки Рушди Исломӣ дар Малайзия ва Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия (MATRADE) баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур Муовини директори иҷроияи Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия хонум Шаримаҳтон Мат Солеҳ, Директори минтақавии бахши хусусии Бонки Рушди Исломӣ ҷаноби Аҳмад Абдул Халид ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия М. Муҳаммадӣ иштирок намуда, дар мавриди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия, доир ба дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар самтҳои иқтисод, тиҷорат, имтиёзҳо ҷиҳати соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон машварат оростанд.

Инчунин коршиносони Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ш. Сӯфиев, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Кенҷаев ва Муовини директори Департаменти Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ва Африкаи Вазорати савдои байналмилалӣ ва саноати Малайзия С. Шариф  муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия, имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия ва  намояндагони ширкатҳои бонуфуз, соҳибкорони маҳаллӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикистонӣ ширкат варзиданд.

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj