Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

27 декабри соли 2017 дар шаҳри Бишкек машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Зоир Саидзода ва ҳайати Қирғизистонро муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Д.Кемелова роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро дар соли 2018 чиҳати ташкили вохуриҳо дар сатҳи баланд ва олӣ идома хоҳанд дод.

Дар интиҳо тарафайн изҳори боварӣ карданд, ки муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамсоягии нек ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, соҳаҳои обу энергетикӣ, равобити фарҳангӣ-гуманитарӣ мусоидат хоҳад кард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj