Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо ҳайати қатарӣ

9 январи соли 2018 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо ҳайати қатарӣ, ки иборат аз роҳбарияти Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Қатар ва инчунин, Мудири иҷроияи ширкати энергетикии “Небрас” (Nebras Power) Холид Муҳаммад Ҷулу мебошад, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тақкими онҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва  ғайра табодули афкор намуданд.
Сафари ҳайати мазкур ба Тоҷикистон дар ростои татбиқи тавофуқоте, ки зимни музокироти сатҳи олӣ моҳи феврали соли 2017 дар Давҳа ҳосил шуданд, идома дорад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj