Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари “Ширкати киштиронии Каспии Озарбойҷон”

8 январи соли 2018 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Роҳбари “Ширкати киштиронии Каспии Озарбойҷон” Рауф Валиев баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо муносибат ва ҳамкориҳои ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар масоили сиёсӣ, иқтисодию тиҷортӣ, алалхусус интиқол додани молу колои Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон бо нархҳои қобили қабул изҳор омодагӣ намуданд.










 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj