Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси амниятиии Теҳрон

08-уми январи соли 2018 дар шаҳри Теҳрон дуюмин Конфронси амниятии Теҳрон таҳти унвони “Амнияти минтақавӣ дар ғарби Осиё: чолишҳо ва равандҳои навзуҳур” бо шиори “Эҳтиром, эътимод, гуфтугӯ, ҳамкории мутақобил, амният ва пешрафти ҷамъӣ”, дар доираи се башх (сиёсати хориҷӣ ва амнияти минтақавӣ; иқтисод ва амнияти минтақавӣ; дифоъ ва амният) ва панҷ панел бо иштироки зиёда аз 300 нафар аз 49 кишвари ҷаҳон баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомиддин Зоҳидӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ роҳбари намуд.

Дар оғози конфронс вазири корҳои хориҷии ҶИЭ Муҳаммад Ҷавод Зариф оид ба вазъи кунунии минтақаи ғарби Осиё, нақши кишварҳои Сурияву Ироқ дар нобудсозии созмони террористии “Давлати Исломӣ” ва бозсозии онҳо дар замони баъдиҷангӣ, чолишҳою таҳдидҳои амнияти минтақавӣ, инчунин роҳҳои ҳалли буҳронҳои амниятӣ дар минтақа суханронӣ кард.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бахши дуюм ва панели сеюми конфронс дар мавзуи “Нақши рушди иқтисодӣ дар амнияти Осиёи Ғарбӣ” иштирок ва суханронӣ намуда, ба зарурати зоҳир кардани таваҷҷуҳ ба сабабҳою омилҳои иқтисодӣ-иҷтимоии пайдоиши терроризм дар Осиёи Ғарбӣ ва Ҷанубӣ, додани аҳамияти бештар ба ҳамгироии иқтисодии кишварҳо ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ҷиҳати пешгирии заминаҳои бавуҷудоии терроризму ифротгароӣ таъкид намуд.

Конфронси амниятии Теҳрон бо қабули баёнияи муштарак аз ҷониби иштироккунандагон анҷом ёфт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj