Тоҷикӣ | Русский | English  

Мизи мудаввар бахшида ба 25-солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

12 январи соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар бинои Академияи миллии илмҳои Қирғизистон бахшида ба 25 солагии барпо кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мизи мудаввар таҳти унвони “Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ростои ҳамсоягии нек” ташкил карда шуд.

Дар чорабинии бахшида ба ин санаи муҳим намояндагони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии ҶҚ, олимон, фаъолони ҷамъиятӣ ва аъзои ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ иштирок варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзода дар баромади худ қайд намуд, ки муносибатҳои накӯҳамсоягӣ ва дӯстона бо Қирғизистон, ки решаҳои таърихии чандинасра дорад, ҳамавақт яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.

Инчунин дар чорабинӣ меҳмонони ҳузурдошта аз Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии ҶҚ, олимон ва фаъолони ҷамъиятӣ дар робита ба мавзӯъ сухан карданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj