Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи табрикии Президент ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Чехия ба Шумо табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти  хешро иброз менамоям.

Тоҷикистон ва Чехия бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ - ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар - то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.

Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушду тавсеаи бемайлони робитаҳои гуногунарсаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии  кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу дар масири иҷрои рисолати хеш комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Чехия сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj