Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллияти Президент ба Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳён

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳён барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари реҳлати модари бузургворатон боиси ғаму андӯҳи мо гардид.  

Дар робита ба ин талафоти гарон ба Аълоҳазрат ва ба ҳамаи наздикон ва пайвандони Шумо таъзияву тасаллияти амиқи худро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил масъалат дорам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj