Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Раиси Палатаи поёнии Парлумони Беларус

30 январи соли 2018 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо Раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Владимир Андрейченко баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва фарҳанг мубодилаи афкор намуда, самаранокии баланди ҳамкории фаъоли гурӯҳҳои дустии палатаҳои поёнии парлумонҳои ду кишварро қайд карданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо баргузории ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод ва намоишгоҳи маҳсулотҳои беларусиро дар шаҳри Душанбе дар соли 2018 мавриди муҳокима қарор доданд.





© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj